Қарор аст филми синамоии «Дастмузд» рӯзи панҷшанбе, 29 январи соли 2026, аз шабакаи Айфилм2 пахш шавад; филме мутафовит аз синамои даҳсолаҳои ҳаштод ва навади милодӣ, ки бо ривояти талх, пурсишбарангез ва саршор аз таълиқ, то лаҳзаи охирин бинандаро даргир бо мафҳуми «адолат» ва «сарнавишт» нигоҳ медорад.
Ба гузориши Айфилм2, филми «Дастмузд», маҳсули соли 1989 милодӣ, ба нависандагӣ ва коргардонии «Маҷид Ҷавонмард», аз ҷумлаи осори иҷтимоӣ–сиёсии синамои Эрон аст, ки бо нигоҳи интиқодӣ ба сохтори қудрат, зулми иҷтимоӣ ва сарнавишти инсонҳои ҳошиянишин, достоне чандқабата ва тафаккурбарангезро ривоят мекунад. Ин филм дар даврае сохта шудааст, ки синамо беш аз ҳар замони дигар ба баёни дилмашғулиҳои ахлоқӣ, табақавӣ ва инсонӣ гароиш дошт.
Достони филм дар бораи ду ҷавони кӯчӣ аст, ки пас аз як сӯиқасди ноком алайҳи як арбоб ва намояндаи золими порлумон, ба эъдом маҳкум мешаванд. Ин ҳукм нуқтаи оғози ривояти аслӣ мебошад; ҷое ки модарони ин ду ҷавон, ба ҷойи таслим шудан дар баробари сарнавишти таҳмилшуда, роҳи интиқом ва ҷустуҷӯи ҳақиқатро интихоб мекунанд. Онҳо ду мардро масъули интиқоли ҷасадҳо месозанд, аммо дар ҷараёни интиқол, рӯйдоде аҷиб ва ғайримунтазира, ҷараёни достонро ба гунаи асосӣ дигаргун месозад.
«Дастмузд» бо истифода аз фазои роҳ, сукут, гуфтугӯҳои маҳдуд ва мавқеъиятҳои ахлоқии печида, бинандаро бо пурсишҳои бунёдӣ рӯбарӯ мекунад: марзи миёни гуноҳ ва бегуноҳӣ куҷост? Оё инсон метавонад аз сарнавиште, ки барояш навишта шудааст, бигурезад? Ин пурсишҳо филмро ба асаре қобили тааммул барои бинандагони Афғонистон ва Тоҷикистон табдил месозанд.
Дар бахши бозигарӣ, филми «Дастмузд» аз ҳузури чеҳраҳои барҷастаи синамо ва театри Эрон баҳра мебарад. Бозиҳои санҷида ва боварпазир, ба вижа дар нақшҳои модарон ва маъмурони интиқоли ҷасад, ба фазосозии талх ва сангини филм умқи бештар бахшидааст.
аз бозигарони филми Дастмузд , Муҳаммад Солеҳъало, Маҳдӣ Фатҳӣ, Аҳмад Ҳошимӣ, Фарзона Кобулӣ, Муҳаммадризо Касроӣ, Марям Муътариф, Беҳзод Фароҳонӣ, Маҳмуд Баҳромӣ, Меҳрон Кулушонӣ, Ҳусейн Ғиёбӣ, Азиз Доварӣ, Саид Фарзон, Вортон Овонесиён, Масъуд Занҷонӣ, Каромат Дарахшанда, Мансур Фарино, Али Табрезӣ, Исмоил Козимӣ, Ҳамид Абдуллоҳӣ, Карим Аббосӣ, Тайиб Шарофатӣ, Меҳрноз Фотимӣ ва Муҳаммад Варшучӣ.
Бо таваҷҷуҳ ба сохтори достонӣ, фазои иҷтимоӣ ва мазмуни адолатмеҳвар, пахши филми «Дастмузд» метавонад барои бинандагони Афғонистон ва Тоҷикистон фурсате бошад то бо яке аз осори камдидатарини синамои классикии Эрон ошно шаванд.
Дар поён ёдоварӣ мешавад, ки филми синамоии «Дастмузд» рӯзи панҷшанбе, 29 январи соли 2026, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе, Тоҷикистон, аз шабакаи Айфилм2 пахш мегардад.