نشرات زنده
فارسی English عربي
21
-
الف
+

Ҷалол 2 сериали пурҳаяҷон ба зудӣ рӯйи антени АйФилм2

Мавсими дуюми «сериали «Ҷалол» бо ривояти тоза аз муборизаҳои мардумӣ, аз сешанбе меҳмони бинандагони Айфилм2 мешавад.

Шабакаи ҷаҳонии Айфилм2 бо идомаи ривояти яке аз сериалҳои таърихии сербинандаи худ, мавсими дуюми сериали «Ҷалол»-ро аз рӯзи сешанбе, 20 январи, ба гунаи расмӣ рӯйи антенна мебарад. Ин сериал қарор аст ба ҳайси ҷойгузини мавсими якуми «Ҷалол», ҳар шаб дар соати муайян барои мухотабони форсизабони Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон пахш шавад.
Сериали «Ҷалол 2», ки маҳсулоти соли 1399 хуршедӣ аст, дар идомаи достони пуртаниши мавсими аввал, мухотабро ба батни ҳаводиси сарнавиштсозии солҳои поёнии режими шоҳӣ ва рӯзҳои мунтаҳӣ ба пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон мебарад. Ривояте, ки бо нигоҳе инсонӣ ва иҷтимоӣ, зиндагии мардуми одиро дар канори чеҳраҳои барҷастаи таърихӣ ба тасвир мекашад.
Дар бахши муҳими достон, «Ҷалол» дар ҷараёни рӯзҳои инқилоб аз ноҳияи по ҳадафи гулӯла қарор гирифта ва маҷрӯҳ мешавад. Ӯ ноҷор ба ҳамроҳи хонаводааш роҳии Теҳрон мегардад; дар ҳоле ки «генерал Шафқат» дастури таҷассус ва боздошти муттаҳамони сиёсиро содир кардааст.«Ҷалол» бо огоҳӣ аз ин вазъият, зиндагии пинҳониро оғоз мекунад ва бо ҷобаҷоӣ миёни хонаҳои амн, аз таъқиби «Совок» мегурезад; масире пуризтироб, ки ҷаззобияти сериалро ба гунаи чашмгир афзоиш медиҳад.
Дар сериали «Ҷалол 2», гурӯҳе аз ҳунармандони шинохташуда бо бозӣҳои боварпазир, фазои иҷтимоии он солҳоро бозофаринӣ кардаанд. Аз ҷумлаи ин ҳунармандон метавон ба Ҳумайро Риёзӣ, Аммор Тафтӣ, Меҳрон Раҷабӣ, Ҳодӣ Ифтихорзода, Ризо Обпок, Сано Пурсайидӣ, Комёр Шакибоӣ, Фотима Шукрӣ ва Ҳомид Манофӣ ишора кард.
Ин сериали 26-қисматӣ ба коргардонӣ ва нависандагии Ҳасан Наҷафӣ сохта шудааст ва талош дорад бо забони сода аммо асарбахш, пайванди миёни таърих, ҳувият ва муқовимати мардумиро барои насли имрӯз бозгӯ кунад; мавзӯе, ки барои мухотабони Афғонистон ва Тоҷикистон, бо таҷрибаи зистаи солҳои мубориза ва истодагӣ, қаробати маънавии вижае дорад.
Дар поён ёдоварӣ мешавад, ки сериали таърихӣ–иҷтимоии «Ҷалол 2» аз рӯзи сешанбе, 20 январ, ҳар рӯз соати 17:00 ба вақти Теҳрон, 18:00 ба вақти Кобул ва 18:30 ба вақти Душанбе, Тоҷикистон аз шабакаи ҷаҳонии Айфилм2 пахш мешавад.

نظر شما
ارسال نظر