Шабакаи iFilm2 аз якшанбе, 11 январи соли 2026, пахши сериали ошиқона ва драмавии «Замона»-ро оғоз мекунад; асари телевизионӣ ба коргардонии Ҳасан Фатҳӣ, ки бо ривояти пуртаниш ва эҳсосӣ ба печидагиҳои равобити хонаводагӣ, эътимод, туҳмат ва ҷустуҷӯи ҳақиқат мепардозад ва бинандаро дар масире тадриҷӣ ва даргиркунанда ҳамроҳ месозад.
Достони сериал гирди қаҳрамони аслӣ — «Беҳзод» — мегардад; ҷавоне, ки солҳои пеш падари худро аз даст дода ва таҳти сарпарастии амакаш зиндагӣ мекунад. Беҳзод қасд дорад бо духтари амакаш издивоҷ намуда, зиндагии тозаеро оғоз кунад, аммо ин роҳ, ки дар оғоз ором менамояд, ба зудӣ бо рӯйдоде ногаҳонӣ барҳам мехӯрад. «Ҳисом», амаки Беҳзод, яке аз кормандони корхонаи худ ба номи «Суҳайл Хуррам»-ро ба далели қаллобӣ аз кор ихроҷ мекунад; иқдоме, ки Суҳайлро ба роҳи қасосҷӯӣ мекашонад.
Пас аз ин ихроҷ, Суҳайл бо нисбат додани иттиҳомот ба Беҳзод, барои ӯ мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунад ва зиндагияшро ба масире пурдушвор меандозад. Беҳзод барои дифоъ аз худ ва равшан шудани ҳақиқат, бо киро кардани вакили мудофеъ вориди роҳе печида ва пурчолиш мешавад; роҳе, ки парда аз воқеиятҳои тоза бармедорад ва равобити хонаводагӣ ва инсонро ба имтиҳони сахт мекашад.
Дар сериали «Замона» бозигароне чун Ҳамид Гударзӣ, Ҳусайн Маҳҷуб, Париноз Изадёр, Ойдо Фақеҳзода, Меҳроне Меҳинтуробӣ, Ҳуман Барқнаврд, Шаҳром Қоъидӣ, Фарибо Мутахаcсис, Видо Ҷавон ва Ҳусайн Меҳрӣ нақшофаринӣ кардаанд; таркибе аз наслҳои гуногуни ҳунармандон, ки ба эътиқоди бисёре аз бинандагон, дар хидмати пешбурди ривоят ва фазосозии достон қарор гирифтааст.
Замони пахши сериали «Замона» аз якшанбе, 11 январи соли 2026, ҳар рӯз соати 19:30 ба вақти Тоҷикистон аз шабакаи iFilm2 хоҳад буд.