نشرات زنده
فارسی English عربي
24
-
الف
+

Директори «Тоҷикфилм»: «Шоҳнома» метавонад пайванди синамоии миёни Эрон ва Тоҷикистон бошад

Муҳаммадсаид Шоҳиён, директори «Тоҷикфилм», бо ишора ба таърих ва тамаддуни муштараки Эрону Тоҷикистон, бар тавлиди осори муштараки синамоӣ таъкид кард.

Ба гузориши Айфилм2, ҳангоме ки сухан аз ҳамкориҳои синамоӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон меравад, масъала танҳо як тарҳи муштарак ё як созишномаи муваққатӣ нест, балки сухан аз пайванде меравад, ки реша дар таърих, забон ва фарҳанги муштараки ду кишвар дорад. Муҳаммадсаид Шоҳиён, директори «Тоҷикфилм», бо чунин дидгоҳ аз омодагии комили худ барои густариши ҳамкориҳои синамоӣ бо Эрон сухан гуфта, ояндаи ин равандро равшан арзёбӣ кардааст.

Шоҳиён бо ишора ба таҷрибаҳои қаблӣ ёдовар шуд, ки соли гузашта низ як филми муштарак бо унвони «Моҳӣ дар шаст» бо иштироки Тоҷикистон ва Эрон истеҳсол гардида буд; таҷрибае, ки ба бовари ӯ метавонад оғози роҳи наве барои шаклгирии тарҳҳои тоза ва пойдор миёни ду кишвар бошад. Ӯ таъкид кард, ки чунин лоиҳаҳо нишон медиҳанд, ки зарфиятҳои ҳамкорӣ фаротар аз тасаввур аст ва метавон онҳоро ба сатҳҳои баландтаре расонд.
Директори «Тоҷикфилм» бо нигариши фарҳангӣ ба синамо гуфт, ки ин ҳунар метавонад забони сулҳ, дӯстӣ ва муаррифгари таърих ва тамаддуни миллатҳо бошад; боваре, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон беш аз пеш ҷиддӣ гирифта шудааст. Ба назари ӯ, Эрон ҳамчун кишвари дӯст ва ҳамзабон метавонад шарики муҳиме дар тавлиди осори муштараки синамоӣ бошад; осоре, ки на танҳо барои тамошобинони ду кишвар, балки барои ҷаҳони форсизабон низ дорои маъно ва ҷозиба мебошанд. Шоҳиён афзуд, ки ҳузураш дар Эрон ва сафараш ба Шероз низ бо ҳамин ҳадаф сурат гирифтааст, то заминаи ин пайвандҳо тақвият ёбад.

مدیر تاجیک فیلم  محمدسعید شاهیان

Ӯ дар идома аз нияти шахсии худ барои сохтани филме бар пояи «Шоҳнома» ёд кард; асаре, ки дар ҳоли ҳозир дар марҳилаи машварату гуфтугӯ бо дӯстони эронӣ қарор дорад. Шоҳиён бо ишора ба зарфиятҳои касбӣ ва фазои фарҳангии Эрон гуфт, он чи аз наздик дидааст, ӯро ба ин бовар расондааст, ки метавон филмҳои муштараки арзишманд ва мондагор тавлид кард; осоре, ки бар мероси адабӣ ва ҳувияти муштараки ду миллат такя доранд.

Дар поён, мудири «Тоҷикфилм» таъкид кард, ки дар шароити кунунӣ монеаи ҷиддие барои иҷрои барномаҳои муштарак намебинад ва ояндаи ҳамкориҳои синамоӣ миёни Эрон ва Тоҷикистонро умедбахш арзёбӣ мекунад; ояндае, ки агар бо барномарезӣ ва эътимоди мутақобил ҳамроҳ шавад, метавонад ба шаклгирии фасли тозае дар синамои минтақаи форсизабон анҷомад.

نظر شما
ارسال نظر