نشرات زنده
فارسی English عربي
33
-
الف
+

Бақайдгирии чорабинии пичинг-и Айфилм идома дорад — имконияти баробар барои офарандагони филмҳои кӯтоҳ

Бақайдгирии лоиҳаҳои филмҳои кӯтоҳ барои чорабинии iFilm Pitching то 21 ноябри соли 2025 идома дорад.

Ба гузориши Айфилм-2,  нахустин рӯйдоди Пичинги Айфилм бо шиори «Имконияти одилона барои озмоиши тамоми истеъдодҳои филмсозӣ» аз 23 октябри соли 2025 оғоз ёфтааст ва алҳол зиёда аз ду ҳафта мешавад, ки сабти номи он идома дорад. Ин рӯйдоди нав ва ҷолиб, имкони нодирест барои филмсозони ҷавон ва боистеъдоди се кишвари форсизабон — Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон, то тавонанд идеяҳои худро дар шакли нақшаҳои филмҳои кӯтоҳ пешниҳод намоянд.

Дар ҷаҳон «пичинг» маънои ҳунари муаррифии як идея ё нақшаи филмро дар назди сармоягузорон ва масъулони расонаӣ дорад. Айфилм бо баргузор кардани чунин чорабинӣ мехоҳад роҳи нави шиносоӣ ва шанси баробар барои онҳое фароҳам оварад, ки истеъдод доранд, вале имкони нишон додани онро надоштанд. Ин танҳо як мусобиқа нест — балки майдони омӯзиш, таҷрибаи амалӣ ва робитаи мустақим бо мутахассисони соҳаи синамо мебошад.

Бар асоси эълон, довталабон то 21 ноябри соли 2025 фурсат доранд, ки тарҳҳои худро тавассути сомонаи расмии рӯйдод — ifilmpitching.com — пешниҳод намоянд. Сабти ном пурра онлайн сурат мегирад. Иштирокчиён бояд аввал формаи махсуси сабти номро пур карда, баъдан нақшаи филми кӯтоҳи худро дар шакли файли PDF боргузорӣ кунанд. Дар ин файл бояд номи филм, мухтасари мазмун, тавсифи қаҳрамонон, вақти тахминӣ ва будҷети филм, ҳамчунин резюмеи коргардон ва гурӯҳи тавлид ҷой дошта бошад.

Айфилм барои иштирокчиён имтиёзҳои ҷолиб пешбинӣ кардааст: аз курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат бо устодони номӣ, то имкони муаррифии рӯбарӯ дар ҷаласаи пийчинг, дастгирии молӣ барои тавлиди филм, маслиҳатҳои устодон дар ҷараёни истеҳсол ва пахши филмҳои интихобшуда дар шабакаҳои Айфилм ва барномаҳои таҳлилӣ.

Ин рӯйдод дар чанд марҳила баргузор мешавад:

1. Сабти ном ва ирсоли тарҳҳо;
2. Баррасии маълумот ва таҷрибаи довталабон;
3. Омӯзиши ҳунари пийчинг ва омодасозии китоби нақша;
4. Баргузории ҷаласаи пешниҳоди рӯбарӯ;
5. Оғози тавлиди филмҳои интихобшуда;
6. Ҷашни ҷоизасупорӣ ва пахши филмҳои беҳтарин дар шабакаи Айфилм.

Ҳадаф аз ин барнома танҳо рақобат нест — омӯзиш, таҷрибаандӯзӣ ва шиносоии мустақим бо муҳити касбии синамо низ дар меҳвари он қарор дорад.

Дабирхонаи «Пийчинги Айфилм» дар шаҳри Теҳрон ҷойгир аст. Барои гирифтани маълумоти бештар, метавонед бо рақами +9821-23011620 тамос гиред ё ба почтаи электронии info@ifilmpitching.com муроҷиат намоед.

Ин иқдоми нав аз ҷониби Айфилм, гарчи зоҳиран мусобиқаи филмҳои кӯтоҳ аст, дар асл пули фарҳангиест барои наздик кардани истеъдодҳои ҷавони се кишвар ва заминае барои тавлиди филмсозони бузурги оянда дар минтақа мебошад.

نظر شما
ارسال نظر