Аз як садамаи нақлиётӣ ва кӯшиши оштӣ то сафаре, ки оилаи Маъмулиро бо хатарҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ мекунад; мавсими панҷуми сериали машҳури «Пойтахт» аз имшаб дар шабакаи Айфилм2 манзури бинандагон мешавад.
Ҳама чиз аз харидани мошини нави Арасту оғоз меёбад. Ӯ Нақӣ ва аҳли оилаи ӯро ба сайру гашт мебарад, аммо чаппа шудани мошин ва осеб дидани аъзои оила боиси ранҷиши Нақӣ мешавад. Арасту барои ҷуброни зарар ва оштӣ кардан бо онҳо, сафари фароғатӣ ба Туркияро пешниҳод мекунад. Ин сафар ҳамзамон барои харидани молҳои зарурии мағозаи либосфурӯшии ӯ низ имконият фароҳам меорад.
Аммо сафар мувофиқи нақша пеш намеравад. Ҳангоми пуфакбозӣ аъзои оила аз масири муқаррарӣ дур шуда, худро дар минтақаи ноамне мебинанд, ки дар он даргириҳои мусаллаҳона ва ҳузури гурӯҳи террористии ДОИШ ба амнияти онҳо таҳдид мекунад. Акнун масъала на хариду фурӯш асту на истироҳат; онҳо бояд барои наҷоти ҷони худ роҳи халосиро пайдо кунанд.
Ханда дар канори ҳаяҷону хатар
Дар мавсими панҷуми «Пойтахт» доираи воқеаҳо нисбат ба мавсимҳои пешин васеътар мешавад. Қаҳрамонҳо на танҳо бо мушкилоти рӯзмарраи оилавӣ, балки бо тарсу ҳарос ва вазъиятҳои хатарнок низ рӯ ба рӯ мешаванд.
Бо вуҷуди фазои пуршиддати ҳодисаҳо, мазҳака ва ҳазлу шӯхиҳои хоси сериал ҳифз шудаанд. Ғурури ҳамешагии Нақӣ, қарорҳои ногаҳонии Арасту ва вокунишҳои гуногуни аъзои оила ба ҳодисаҳо лаҳзаҳои хандаовару ҳаяҷонбахшро ба вуҷуд меоранд.
Ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва дар лаҳзаҳои душвор пуштибони якдигар будани аъзои оила аз мавзӯъҳои асосии ин мавсим ба шумор мераванд.
Дар ин мавсим ҳунармандоне чун Муҳсин Танобанда, Аҳмад Меҳронфар, Римо Роминфар, Алиризо Хамса, Насрин Нусратӣ, Ҳумон ҲоҷиАбдуллоҳӣ, Баҳром Афшорӣ, Ҳидоят Ҳошимӣ ва дигарон нақш офаридаанд.
Мавсими панҷуми сериали «Пойтахт» аз имрӯз ҳамарӯза соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм2 намоиш дода мешавад.