نشرات زنده
فارسی English عربي
113
-
الف
+

Силсилафилми «Сурон»; ривояти муқовимати як ҷавон дар қалби таърих

Силсилафилми «Сурон» бо достоне таърихӣ ва пурҳаяҷон, ин рӯзҳо аз Айфилм2 пахш шуда, таваҷҷуҳи бинандагони зиёдеро ба худ ҷалб кардааст.

Силсилафилми моҷароҷӯёна ва пурҳаяҷони «Сурон» айни ҳол ба таври мунтазам аз шабакаи Айфилм2 пахш мегардад ва тавонистааст бо достони фарқкунанда ва фазои ҳамосии худ, таваҷҷуҳи густурдаи бинандагонро дар Афғонистон ва Тоҷикистон ҷалб намояд.

Ин силсилафилм ба коргардонии Суруш Муҳаммадзода ва нависандагии Аббос Риёҳӣ таҳия шуда, ба унвони ҷойгузини силсилафилми «Панҷумин хуршед» ба намоиш гузошта шудааст.

«Сурон» достони зиндагии як ҷавони озодаи курдро ривоят мекунад; шахсияте, ки дар заминаи рӯйдодҳои пуртаниши пеш аз Инқилоби исломии Эрон дар минтақаи Курдистон, дар ғарби ин кишвар, парвариш ёфта ва бо вуҷуди фишорҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ҳаргиз аз ормонҳо ва эътиқодоти худ ақибнишинӣ намекунад. Ин силсилафилм бо тамаркуз бар мафҳумҳое чун муқовимат, ҳувияти қавмӣ, вафодорӣ ва мубориза, мекӯшад тасвири амиқе аз истодагарии инсон дар баробари душвориҳо пешниҳод намояд.

Аз нуктаҳои барҷастаи «Сурон», бозсозии фазои таърихӣ ва бумии минтақаи Курдистон дар ғарби Эрон аст; ҷое ки фарҳанг, забон ва сабки зиндагии мардум ба таври воқеъгароёна ба тасвир кашида шудааст. Ин мавзуъ барои бинандагони Афғонистон ва Тоҷикистон, ки бо гуногунрангии қавмӣ ва фарҳангӣ ошно ҳастанд, ҷаззобияти вижа дорад ва эҳсоси наздикӣ ба достонро бештар мекунад.

Дар бахши ҳунарпешагӣ, чеҳраҳои ҷавон ва ботаҷриба ҳузур доранд; аз ҷумла Меҳдӣ Нусратӣ дар нақши «Сурон», ки бо иҷрои қобили таваҷҷуҳи худ тавонистааст рӯҳияи муборизонаи ин шахсиятро хуб бозтоб диҳад. Ҳамчунин Алиризо Ҷаъфарӣ, Тумоҷ Донишбеҳзодӣ, Марям Козимӣ, Мустафо Куливандӣ, Муҳаммадризо Сулатӣ, Гулнӯш Қаҳрамонӣ, Ҳисом Маҳмудӣ, Аҳмад Садафӣ, Ҳелен Нақилу, Осӯ Пошопур ва Рӯзбеҳ Рауфӣ аз дигар ҳунармандоне ҳастанд, ки дар ин силсилафилм нақшофарӣ кардаанд.

Сохтори достонии «Сурон» бар пояи таълиқ ва кашмакашҳои пайдарпай шакл гирифтааст; ба гунае ки ҳар қисмат бинандаро бо гиреҳҳои тоза рӯ ба рӯ месозад. Ҳамин вижагӣ боис гардидааст, ки ин силсилафилм дар миёни осори таърихӣ-иҷтимоӣ мавқеи вижа пайдо намояд.

Бар асоси ин гузориш, силсилафилми телевизионии «Сурон» ҳар рӯз ба ҷуз панҷшанбеҳо, соати 18:00 ба вақти Теҳрон, 19:00 ба вақти Кобул ва 19:30 ба вақти Душанбе Тоҷикистон аз шабакаи Айфилм2 пахш мегардад ва ҳаводорон метавонанд ин ривояти пурҳаяҷон аз мубориза ва пойдориро пайгирӣ намоянд.

نظر شما
ارسال نظر