نشرات زنده
دانلود اپلیکیشن اندروید دانلود اپلیکیشن اندروید
فارسی English عربي
163
-
الف
+

Истироҳатгоҳи "Қарға" дар Кобул

Сарбанди "Қарға" яке аз минтақаҳои машҳур ва муҳими фароғатии шаҳри Кобул аст.

Шаҳри Кобул ва атрофи он ҷойҳои зиёди таърихӣ ва фароғатӣ дорад, ки метавон аз боғи Бобур, теппаи Маранҷон, теппаи Бӣбӣ Маҳру, теппаи Туп, музейи милӣ, Пағмон, Саёд... ва ҳамчунин аз сарбанди Қарға ном бурд.

Ба гузориши Айфилми 2, ҳаррӯза ва ба вижа дар рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа, ҷавонон ва оилаҳо барои фароғат ба сарбанди Қарға мераванд.
Сарбанди Қарға дар соли 1951 дар замони Муҳаммади Зоҳиршоҳ (1933_1973.м) сохта шудааст. Ин сарбанд дар наздикии Кобул дар фосилаи ҳашт километр дар ноҳияи ғарби пойтахт ҷойгир шудааст.

Дар гузашта, минтақаи сарбанди Қарға мутааллиқ ба шаҳристони Пағмон будааст аммо ҳамакнун ҷузъи ноҳияи чордахуми шаҳри Кобул мебошад. Замоне ки ин сарбанд сохта шуд, танҳо барои обёрӣ истифода мешудааст аммо бо гузашти замон ба истироҳатгоҳи мардуми Кобул бадал гардид.

Сарбанди Қарға, як сарбанди маҳаллӣ мебошад ки дар сохтмони он аз хоки махсус истифода шудааст. Ин сарбанд як дидбонгоҳи назоратӣ дорад ки дар он се дар ҷойгир шудааст ва ба воситаи ҳамин дарҳо оби сарбанд танзим мешавад. 
Бар ва дарозии сарбанди Қарға 400 метр ва баланди он 30 метр мебошад.

Ин сарбанд метавонад як ҳазор гектар заминро обёрӣ кунад. Ҳоло ин сарбанд минтақаҳои Даҳ Арабон, Бодомбоғ, Академияи милитсия, Донишгоҳи Устод Раббонӣ, Донишгоҳи Политехникӣ, Сарамиёшт ва боғи болоро обёрӣ мекунад. Дар гузашта Сарбанди Қарға ду ҳазор гектар заминро обёрӣ мекард.

Дар Сарбанди Қарға, дарахтони санавбар, «морфан», арғувон ва бедҳои русӣ дар теппаҳо ва канори роҳҳои он ба назар мерасанд. Дар миёни дарахтон ва майдончаҳои бозии он, таҷҳизоти тафреҳии кӯдакон, аз қабили чархи фалак низ мавҷуд аст.

Сарбанди Қарға яке аз камарбандҳои сабзи Кобул низ ба ҳисоб меравад ва тақрибан 30 нафар ҳамчун боғбон дар он кор мекунанд.

نظر شما
ارسال نظر