Бо наздик шудани қисматҳои охири сериали «Пойтахт 1», шабакаи Айфилм2 мавсими дуюми ин сериали маҳбубро аз рӯзи сешанбе, 1-уми сентябри соли 2026, ба намоиш мегузорад. Дар ин мавсим оилаи Нақии Оддӣ ин дафъа аз муҳити ошнои шимоли Эрон ба сафари тӯлонӣ ба самти ҷануб мебарояд.
«Пойтахт 2» бо коргардонии Сирус Муқаддам, бар асоси тарҳи Муҳсин Танобанда ва бо қалами Куруш Наримонӣ ва Ҳасан Вораста соли 2013-2014 сохта шуда, нахустин бор дар Наврӯзи ҳамон сол аз телевизиони Эрон пахш гардид.
Дар ин мавсим Нақии Оддӣ ба сохтани гунбад машғул аст ва интиқоли як гунбад ва ду манораро аз шимоли Эрон ба як деҳа дар ҷануби кишвар бар уҳда мегирад. Арасту низ пас аз таъмири мошини осебдидааш, борро бо ҳамон мошин ба макони таъйиншуда мерасонад. Нақӣ, Ҳумо, Панҷалӣ ва дигар аъзои оила низ дар ин сафар ҳамроҳ мешаванд.
Аммо ҳамин рисолати ба назар оддӣ роҳро ба саҳнаи ҳодисаҳои пайдарпай табдил медиҳад; аз саргузашти таъмири мошини боркаш ва расми аҷиби хурӯси сиёҳ, то истиқболи сокинони шаҳрҳои гуногун аз гунбад ва манораҳое, ки дар масир интиқол меёбанд.
Яке аз ҷанбаҳои ҷолиби мавсими дуюм тағйири равиши ҳикоя аст. Оилае, ки дар мавсими аввал бо мушкилоти кӯчбандии хонаводагӣ рӯбарӯ буд, ин дафъа ба сафари тӯлоние мебарояд, ки аз шимол оғоз шуда, то ҷануби Эрон идома меёбад. Созандагони сериал низ барои мавсими дуюм масири шимол то ҷануби Эронро интихоб карда, кӯшиш намуданд барои қаҳрамонҳои асосӣ муҳит ва саргузаштҳои тоза эҷод кунанд.
Сирус Муқаддам гуфта буд, ки яке аз ангезаҳои сохтани мавсими дуюм истиқболи гарми тамошобинон аз мавсими аввал ва хоҳиши онҳо барои идомаи саргузаштҳои оилаи Нақии Оддӣ будааст.
Дар ин мавсим Муҳсин Танобанда, Аҳмад Меҳронфар, Римо Роминфар, Алиризo Хамса, Меҳрон Аҳмадӣ, Линдо Киёнӣ, Ҳусайн Муҳибаҳарӣ, Ҳуман Ҳоҷӣабдуллоҳӣ, Соро ва Ника Фурқонӣ-Асл ва як қатор ҳунармандони дигар нақш офаридаанд.
Бар ин асос, сериали «Пойтахт 2» аз рӯзи сешанбе, 1-уми сентябри соли 2026, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм2 пахш мешавад.