Сериали хотирмон «Рӯзе рӯзгоре», ки дар ҳафтаҳои ахир бори дигар таваҷҷуҳи мухотабони шабакаи «Айфилм2»-ро ба худ ҷалб карда буд, имшаб 24 майи соли 2026 ба охирин қисми худ мерасад; асаре, ки пас аз солҳои зиёд ҳамчунон тароват ва таъсиргузории худро ҳифз кардааст ва барои бисёре аз бинандагон танҳо як сериал нест, балки бахше аз хотираҳои телевизионӣ ба шумор меравад.
Ин асар ба нависандагӣ ва коргардонии Амруллоҳ Аҳмадҷӯ аз ҷумлаи мондагортарин осори таърихи телевизиони Эрон ба ҳисоб меравад. Дар қисматҳои гузашта, бинандагон бори дигар бо масири пурфарозу нишеби «Муродбег» ҳамсафар шуданд; шахсияте, ки тадриҷан аз дунёи хушунат ва беэътимодӣ фосила гирифта, дар роҳи дигаргунӣ ва бозгашт ба арзишҳои инсонӣ қадам мегузорад.
Яке аз вижагиҳои барҷастаи «Рӯзе рӯзгоре», пардохти амиқ ва тадриҷӣ ба таҳаввули шахсиятҳо мебошад; мавзӯе, ки сабаб шудааст ин сериал фаротар аз як достони сода, ба ривояте андешабарангез дар бораи интихоб, тағйир ва имкони дубораи зиндагӣ табдил ёбад. Ҳамин мафҳумҳо барои мухотабони Афғонистон ва Тоҷикистон низ, бо таваҷҷуҳ ба наздикии фарҳангӣ ва арзишҳои иҷтимоӣ, қобили дарк ва таъсиргузор будааст.
Фазосозии табиӣ, истифода аз муҳитҳои рустоӣ, гуфтугӯҳои сода аммо пурмаъно ва ривояти равон, аз дигар омилҳое ҳастанд, ки ба мондагории ин сериал мусоидат кардаанд.
Дар бахши бозигарӣ низ Хусрав Шакибоӣ дар нақши «Муродбег», Маҳмуд Покният дар нақши «Ҳисомбег», Жола Улув дар нақши «Хола Лайло» ва ҳунармандоне чун Ҳусейн Паноҳӣ, Парвиз Пурҳусайнӣ, Ҷамшед Лоиқ, Шуҳра Султонӣ ва Гавҳар Хайрандеш бо нақшофариниҳои мондагори худ ба ғанои ин асар афзудаанд.
Бар асоси ин гузориш, қисми поёнии сериали «Рӯзе рӯзгоре» имшаб соати 21:00 ба вақти Теҳрон, 22:00 ба вақти Кобул ва 22:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи Айфилм2 пахш мешавад.